МАРСИЯ
(дар марги хохарамон Саёхат, ки зиёда аз ду сол аз маризи ранч дошт)
Хохар! баногах ту рафти зи бари мо,
Бишкаста дилу ту сўхти чигари мо.
Бинмуда ту захр он коми шакари мо,
Гўем: «Дареѓ!, рафта нури ба сари мо»
Болиданат буд фаќат дар зафари мо,
Эй чону чигар, бихиштии хохари мо.
Буди дўогўй мудом дар сафари мо,
То рафъ шавад зи пеш хар хатари мо.
Ояд рўхи тозаи ту пеши назари мо,
Эй рафта ту нозанину хам ахтари мо.
Гўяд падар: «Вой!, кучост он духтари мо?»,
Чойи ту бихишт бодо!, эй хохари мо,
Дар сўги ту чигархун аст модари мо,
Бодо рўхат шод, махчабин-хохари мо!