Бемор ту кардӣ
Эй гул маро дар раҳи ишқ хор ту кардӣ,
Девонаву Маҷнуни дилозор ту кардӣ,
Лайлии барам буди, ё шеъри тарам будӣ,
Ин шоири қалбатро бемор ту кардӣ.
Сад буду набуди ман, гар рафт вуҷуди ман,
Дар пайраҳаи маҷро бемор ту кардӣ,
Ҳарчанд барои ту девона манам дилбар,
Девонаи қалбатро афгор ту кардӣ.
Ҳайф аст барои ту ин пораи шеъри ман,
Эй буду набуди ишқ маро хор ту кардӣ.
Муаллиф. Ризвони Зарафшонӣ.