ВА МАН “ТАББАТ ЯДО”-РО...
Маро то ҷон бувад васфи паямбар гуфтаму гӯям,
Туро, ки хасми ӯйӣ, хасми Довар гуфтаму гӯям.
Нахонам шоҳу раҳбар, то ки бошам, ман дигар касро,
Муҳаммадро(с) фақат ман шоҳу раҳбар гуфтаму гӯям.
Ҷаҳоне гар ба дини ӯ аду гардад, бигӯ гардад,
Ман ӯро мекунам бовар! Мукаррар гуфтаму гӯям.
Дигар аз Булаҳаб ғайри шумо ному нишоне нест,
Ва ман “Таббат ядо”-ро марги кофар, гуфтаму гӯям.
Амину сарвару сафдар Муҳаммад(с) будаву бошад,
Раҳину навкару чокар шуморо гуфтаму гӯям.
Шумо, эй худфурӯшон, динфурӯшон, ҳалқабаргӯшон,
Шуморо то Қиёмат хок бар сар гуфтаму гӯям.
Шумо аз хоҷаҳои худ бигӯед, ман дар ин майдон
Абубакру Умар, Усмону Ҳайдар гуфтаму гӯям!
Исфандиёри Назар
15.09