Ту садои дили ман,
Ту давои дили ман,
Ту биё ҷилва намо
Ба навои дили ман.
Ту дилу ҷони манӣ,
Бахту армони манӣ.
Дар чаманзори ҳаёт
Гули хандони манӣ.
Боз биншин ба барам,
Эй ту, шамсу қамарам.
Рӯзу шаб мунтазирам
Кай дароӣ зи дарам.
Бо ту ман шод шавам,
Аз ғам озод шавам.
Ту шавӣ Ширинам,
Ман чу Фарҳод шавам.
Бе ту ман ҳеҷ касам,
Оҳ гардад нафасам.
Эй гули тозаву тар,
Бе ту ман хору хасам