ҚИССАИ ТАЪСИРБАХШ Ҷавоне мегӯяд, рӯзе дар соҳили баҳр истода будам. Ногаҳон пиразани солхӯрдаеро дидам, ки онҷо нишастааст. Соат аз 12-и шаб гузашта буд. Бо хонаводаам ба вай наздик шудем ва аз мошин фаромада наздаш омада пурсидам: Модар, киро мунтазиред?! Гуфт: писарамро. Куҷое рафттаст, вале ҳоло бармегардад. Ман дар кори ин пиразан шубҳа кардам, ки дар ин нимашаб инҷо нишастааст. Гумон намекардам, ки касе дар ин соати шаб ояд. Як соат интизор истодам ва касе наздаш наомад. Боз пешаш омадам, гуфт, эй фарзандам, писарам рафта аст ва ҳатман бармегардад. Ногаҳон дар дасташ варақеро дидам ва гуфтам, агар иҷозат бошад, варақи дастатонро хонам. Он пиразан гуфт, писарам ин варақро наздам г