Мы используем cookie-файлы, чтобы улучшить сервисы для вас. Если ваш возраст менее 13 лет, настроить cookie-файлы должен ваш законный представитель. Больше информации
Мусалмон Холов, ки мақомот вайро яке аз роҳбарони гурӯҳи қочоқбарони маводи мухаддир меноманд, ба 18 соли зиндон маҳкум шудааст. Додгоҳ ҳукми худ дар нисбати Холов ва се тан аз ҳамроҳонашро авохири ҳафтаи гузашта содир кардааст.
Дар баробари Мусалмон Холов боз 3 нафар аз сокинони ноҳияи Ёвон дар ин парванда ҳукми зиндон гирифтаанд. Ҳоло ҳукми додгоҳ ба ҳолати иҷро надаромадааст ва маҳкумшудаҳо ҳаққ доранд, ки аз болои он шикоят баранд. Аммо дар додгоҳ аз ироаи ҷузъиёти бештар худдорӣ карданд. Мақомот ин афродро узви гурӯҳи нӯҳнафараи қочоқчии маводи мухаддир медонанд, ки "бори сиёҳ"-ро аз қаламрави Афғонистон тавассути Тоҷикистон то ба Русия мерасонд. Алишер Мавлонзода, додраси додгоҳи ноҳи