Амири мўъминон Алӣ (к) фармуд : Рўзе ман ва Фотима (р) ба назди Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) рафтем ва ҳазратро сахт гирён дидем! Сабабро пурсидем , фармуд : Дар шаби меъроҷ гурўҳе аз занони умматамро дар азоби сахте дидам ва ончунон саҳнаи азобашон дарднок буд , ки ҳамонҷо ба шиддат гиристам. Занеро дидам , ки аз мўйҳояш овехта буданд ва мағзи сараш меҷўшид , зани дигареро дидам , ки аз забонаш овехта ва оби ҷўшони дўзах ба дарунаш мерехтанд , зани дигареро дидам , ки гўшти бадани худро мехўрд ва оташ дар зери ў фурўзон буд . Зани дигареро дидам , ки дасту пояш ба ҳам баста ва мору ақрабҳо бар ў мусаллат буданд , зани дигареро дидам , ки кару гунг буд ва ўро дар миёни