Агар дар зиндаги хори,
Агар ранчуру бемори,
Агар дар зери гам бори,
Машав гамгин худо дори!
Агар чони чавонат сухт,
Вучуду устухонат сухт,
Агар-чи хону монат сухт,
Машав гамгин худо дори!
Агар рафт навчавоният,
Нишоти зиндагоният,
Агар рафт ёри чоният,
Машав гамгин худо дори!
Агар гашти дур аз модар,
Чудо аз хонаву аз дар,
Балое гар расит бар сар,
Машав гамгин худо дори!
Казо кард гар чигарбандад,
Хаёт гар мекунат фандат,
Чигархуну миёнбандад,
Машав гамгин худо дори!
Агар-чи хонавайрони,
Агар-чи дида гирёни,
Агар дар кунчи зиндони,
Машав гамгин худо дори!
Агар рузи сиёх дори,
Хазор фарёду ох дори,
Бидон пушту панох дори,
Машав гамгин худо дори!
Агар пои равон дори,