Дарду ғами гадоро, ғайр аз Худо ки донад,
Аҳволи бенаворо, ғайр аз Худо ки донад.
Оворагиву ҳиҷрон сарчашмаи мусибат,
Дармондагии моро,ғайр аз Худо ки донад.
Сад мушкиле, ки дорем роҳи ҳалле надонем,
Тақдиру қисмати мо,ғайр аз Худо ки донад.
Мо ғарқ дар гуноҳем, ё ки гунаҳ надорем,
Ин ҳикмати қазоро ,ғайр аз Худо ки донад.
Бехонаву ғарибем, аз мулк бенасибем,
Бехонагии моро, ғайр аз Худо ки донад.
Бошад банда чу имрӯз овора дар ғарибӣ,
Ҳоли ғариби моро, ғайр аз Худо ки донад