Мӯсо(а) чӯпонеро дид, ки бо Худованд розу ниёз мекард ва ба забону фикри содаи худ замзама менамуд, ки: Эй Худо! Ту куҷо ҳастӣ, ки ба ту хидмат кунам, саратро шона кунам, хонаатро бирӯбам, кафш ба поят кунам, дастҳоятро бибӯсам, поятро бимолам, рахти хобатро паҳн кунам! Эй Худои ман! Ҷони ману фарзандону хонаамон фидои Ту! Бузҳои ман ба қурбонии Ту! Ту куҷо ҳастӣ. Агар бемор шавӣ, туро парастори мекунам, агар танҳо шудӣ, ғамхори ту мешавам.
Мӯсо(а), ки ин гуфтаҳоро шунид, дар хашм шуду аз чӯпон пусид:- Бо кӣ сухан мегӯӣ?
Гуфт: Бо он кас ки маро офарид,
Ин замину чарх аз Ӯ омад падид.
Мӯсо(а) ба он марди содадил ғазаб кард, ки:«Магар кофир шудаӣ». Худо монанди мо нест, ки ҳоҷат ба парасто