Азизи дилам! Ханузам ин дил ёди туро мекунад. Ханузам ин чашмон рохи туро менигарад. Охир ту кай меоиву гаму дардро аз ман дур мекуни? Медонам, ту гунохе надори, ки имруз мо якчо нестем. Хамааш амри такдир аст. Такдир аст, ки туро орому маро саргардони ишки ту кардааст, то дунёро аз пайи ишки покат бидавам... Эй султони калбам, эй шахзодаи ишкам! Тайёрам, ки барои ишкат тамоми умр туро кобам ва то марг маро аз дунё набарад, касе ишки туро аз дилам дур карда наметавонад. Имрузхо бисёр ашхос маслихатам медиханд, ки уро фаромуш куну хушбахтии ояндаатро кун. Охир чи гуна фаромушат кунам, ки як катра обро бе ёди ту нушида наметавонам. Хар лахза, хар соат, хар руз хар, хафтаву моххову солхо интизо