Фардо тамоми мусулмонони ҷаҳон моҳи шарифи Рамазонро истиқбол мегиранд. Ҳамватанони азиз, радиои “Шаҳри ман” ба муносибати оғози моҳи мубораки Рамазон – моҳи тоату ибодат, моҳи парҳезгорӣ аз гуноҳҳо, ҷавонмардиву саховат, раҳмату мағфират ҳамаи Шуморо табрик намуда, бароятон тандурустӣ, хонаи обод, ризқу рӯзии фаровон, чеҳраи ҳамеша хандону шод, имони комил ва саодати рӯзгорро орзу дорад!Фарорасии моҳи шарифи Рамазон муборак бошад, ҳамватанони азизу арҷманд!