Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу Дўст доштани Паёмбар саллалоҳу алайҳи ва саллам аз имон аст. Аз Анас разияллоҳу анҳу ривоят аст, ки " Паёмбар саллалоҳу алайҳи ва саллам гуфт :"Имони касе аз шумо комил намешавад, магар ин ки аз падару фарзандон ва аз тамоми мардум, барои ў маҳбубтару дустдоштатар бошам". Яъне Инсон ҳамон вақт мўъмини ҳақиқӣ мегардад, ки Паёмбар саллалоҳу алайҳи ва салламро аз ҳама бештар дўст дорад. Имони ҳақиқӣ инсонро водор мекунад, ки ҳаққи Паёмбар саллалоҳу алайҳи ва саллам бар болои ў аз ҳаққи ҳама башарият, ҳатто аз ҳаққи падару модар зиёдтар аст. Ҳамчунон ҳар як фарди мусалмон, бояд аз нафси худ Паёмбар саллалоҳу алайҳи ва салламро зиёдтар дўст дорад, чу