Оҳуе ба назди чашмае
рафт, то об бинушад.
Акси худашро дар об дид,
пойҳояш борик ва кутоҳ ба
назараш омад ва ғамгин шуд.
Аммо шохҳои баланду зебояшро, ки дид, хурсанду
мағрур шуд. Дар ҳамин ҳин
чанд шикорчи қасди шикори
у карданд. Оҳу гурехт. Чун
чолок медавид, сайёдон ба у
нарасиданд аммо вақте, ки ба ҷангал расид, шохҳояш ба
дарахте банд монд. Сайёдон
расиданд ва уро бо худ
бурданд. Оҳу, ки асир монд,
бо худ гуфт: Дареғи пойҳоям,
ки аз онҳо нохушнуд будам наҷотам доданд аммо
шохҳоям, ки бо зебогии онҳо
меболидам, гирифторам
карданд. Чи басо гоҳе аз
чизҳое ношукри ва гила
мекунем, ки бар нафъамон аст ва чизҳое, ки бар он
мағрурем, мояи суқут аст