Як ҷавон рафт Русия, ки ризқи худ пайдо кунад, То ба пеши дусту душман ӯ сараш боло кунад, Монда ӯро дар Ватан хонуми зебову ҷавон, Баъди чанд моҳ бар зани худ ҳадя кард ӯ телефон, Буд ба ин орзу, ки гоҳ гоҳ бишнавад овози зан, Аз падар ҳам модару ҳам аз хабарҳои Ватан, Лек намедонист қазоро, ки чи бар ӯ буд бахт, Рӯзии нек буд насибаш, ё ки талхиҳои сахт, Завҷааш дар одноклассник номнависи кард сайт, Сурати дигар касу аз ишқи ноком чандта байт, Ин чунин он навҷавон дар одноклассник сабт шуд, Вақти фориғаш ба интернет ҳамаги рабт шуд, Он ҷавон ҳам номи худ дигар навишт дар сафҳааш, Сурати бегонаеро монда буд дар лавҳааш, Рафт тақдираш чунин дар интернет бо духтаре, Шуд шинос бо моҳлиқои ноза