Тавба накардем Рамазон меравад, Вакти гарон аз каффамон меравад. Ин дахаи охиру,шабхои кадр, Хамчу нафас аз тану чон меравад. Вой! Набахшида маро пар кашид, Хамчу яке мурги паррон меравад. Ох! Сад афсус,ки ин мохи хуб. Зуд зи пеши хамагон меравад, Кадр надониста шаби кадр низ. Аз каффи хар пиру чавон меравад, Дил нашуда пок хануз аз гунах. Ин Рамазон аст,давон меравад, Бор Иллохо Назаре карда бахш. Вакти хуши тирадилон меравад, Ох кучо умри баланде,ки Боз, Дида шавад чониби он меравад.