_Пайгамбар ﷺ
Дарҳои Ҷаннат дар аввали шаби Рамазон кушода мешаванд.
Аз Абдуллоҳ ибни Умар (Р.а.) ривоят аст, ки гуфт:
Ман Расули Худо (Саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам)-ро шунидам, ки мегуфтанд:
Дарҳои Ҷаннат дар аввали шаби Рамазон, то охирин шаби он, кушода мешаванд ва ҳеҷ дарвозаи Ҷаннат (дар Рамазон) баста намешавад ва дарвозаҳои дузах аз аввали шаби Рамазон, то охирин шаби он баста
мешаванд ва ҳеҷ дарвозае аз дузах боз намешавад ва шайтонҳо занҷирбанд карда мешаванд, ба хотири Рамазон ва ҳурмати он ва Аллоҳ Таъоло садозанадаеро ба осмони дунё мефиристад, дар осмони дунё аз аввали шаб, то субҳ дамидан, садо мезанад ва (мегуяд):
«Эй талабкунандаи савоб, бишитоб!
Оё дуъокунандае ҳаст, ки дуъ