Мисрахои тиллои... 1)Ақл, ки бутун шуд, сухан кам мешавад. 2) Худованд ба золим мӯҳлат медиҳад, аммо фаромӯшаш намекунад. 3) Фикри хуб, сухани хуб ва амали хуб, нишони хубии инсон аст. 4) Таърих не, хатоҳо такрор меёбанд. 5) Фаромӯш кардани хато бадтарин кор аст. 6) Шайтонро хато шайтон накард, балки ҳимоя аз хатои хеш шайтон кард. 7) Касе, ки ақрабояшро дӯст намедорад, касе ӯро низ дӯст намедорад. 8) Чӣ тавре, ки корҳои бадатро пинҳон мекунӣ, корҳои некатро низ пинҳонӣ кун. 9) Миллатҳо гуногун мешаванд, аммо хубиҳо барои ҳама миллат яканд. 10) Хубиро на ҳама кас мефаҳмад, аммо бадиро ҳама мефаҳманд. 11) Худпарастҳо як одати хуб доранд: доимо дар бораи худ гап мезананд, яъне ғайбат намекунан