Аҷаб, ки миллати мо хору
зоранд, Бубинед роҳбарон
мошинсаворанд. Надоранд фикру зикри халқи
тоҷик, Бимирад сад нафар парво надоранд.
Аҷаб ки Модарон бо чашми чоранд, Ҳазорон
навҷавонон пушти коранд. Чаро мо инчунин
рузгор дорем?, Аҷаб ки ҷохилон болои коранд.
Ба миллат заррае раҳме надоранд, Ба сар
ақлу ба дил имон надоранд. Ҳақиқат ошкор
аст эй бародар, Ки шояд тарсе аз Аллоҳ
надоранд. Ҳақиқат гуфтанам аз сузи дил аст,
Ки меҳри миллатам доим ба дил аст. Надорам
кинае нисбат ба ҳар кас, Нишони марди комил
инчунин аст.