Ман қалам тез кунам, то ки аламро шиканад, Лек, дарду аламам шасти қаламро шиканад. Рақами зиндагиву рӯзу шабатро машумар, Соати марг расад, кори рақамро шиканад. Ғам чаро мехурӣ, ки мешавад он санги ҷигар, Кош он санги ҷигар шишаи ғамро шиканад. Як даме бош ба озодиву бар шӯълаи ишқ, Банди шаҳват шуданат умри ду дамро шиканад. Сархаме пеши касе ҳеҷ машав , ҳар нафасе Муттаҳам ҳаст замон , к-он сари хамро шиканад. Бовари он ту макун, ваъдахилофе, ки бувад, Аҳд вайрон кунаду шарту қасамро шиканад... Тангчашмони ҳасуд дар ҳамаи давру замон, Хост то манзалати тоҷикиамро шиканад. Турку аъроби ба ободиву озодии худ, Хоҳадаш бахту хату тахти Аҷамро шиканад. Ҳар куҷо менигарам, ҷабру ҷафо ҳасту сит