Бубахш модар, агар боре зи домонат шудам дур,
Ба қалби хастаат кардам, басе шур.
Зи чашмони хазину интизорат,
Агар ман нури онро кардаам дур,
Бубахш модар, бубахш модар, бубахшо.
Суруди аллаят рухам ато кард,
Маро дар зиндагӣ аз нав ба по кард,
Бикард чун қомати манро ӯ боло,
Бароям меҳри шавқатро адо кард.
Бубахш модар, агар рӯзе зи нодонӣ,
Ба сӯят бо ситеза ман сухан гуфтам.
Гаҳе чун омадам, ман рӯйи хони ту,
Зи дарду ранҷҳои зиндагӣ бо сад алам гуфтам.
Бубахш гар дарди қалбатро дучанд кардам,. И где лайк барои модарон!