Мы используем cookie-файлы, чтобы улучшить сервисы для вас. Если ваш возраст менее 13 лет, настроить cookie-файлы должен ваш законный представитель. Больше информации
Боз бе ман рӯзи мавлуди бародар мешавад, Боз бе ман зодрӯзу ҷашни модар мешавад. Боз бе ман ҷамъи ёронам ба даргоҳи падар, Боз бе ман ҷумла гирди хони додар мешавад. Боз бе ман дӯстонро мешавад соле фузун, Соли ман ҳам дар ғарибиҳо фузунтар мешавад. Боз бе ман тӯй бошад хонадони халқи ман, Боз бе ман нурборон хонаву дар мешавад. Боз бе ман ҳамдиёронам сарафрозӣ кунанд, Боз бе ман дар маконам шодиҳо сар мешавад. Боз бе ман модари ҷонам дуоям мекунад, Боз бе ман дар фироқам чашми ӯ тар мешавад. Кош андар соли нав раҳми Худо ояд ба мо, "Боз бе ман"-ҳо ягон рӯзе паси сар мешавад.