Падар хобам барад, хоби ту бинам,Ба бедорӣ ба ёди ту нишинам,Ҷавон рафтӣ, падар, аз байни ёрон,Ба ёди ту бирезам ашки сўзон.Дар ин дунёи пур аз дарду мотам,Маро танҳо бимондӣ, эй падарҷон.Саҳаргоҳон равам ман бар мазорат,Ба қалби хаста пеши ту зиёрат.Намехоҳам туро ман мурда гўям,Бихоҳам зинда гўям то қиёмат.