7:02
Ғами дунё махур эй дил гами дунё гузар дорад. Зи бесабри макаш ташвиш шаби ялдо саҳар дорад. Барои бевафо эй дил ҷавониро макун барбод, Ҷавони раҳгузар бошад ба дуриҳо сафар дорад. Дили манро ба беҳуда маранҷон эй азизи ман, Аз аввал ин дили шайдо вафоятро ба бар дорад. Аё булбул, вафои гул набошад ҷовидони, дон, Ба ҷони ту хамин ишқу ҷунуниҳо хатар дорад. Ало аз ҳад бурунрафта, аё масти шароби кибр, Ба худ ою назар бинмо дарахти хам, самар дорад. Намонад ҷовидон одам ба домони ҷаҳон эй дӯст, Биё ҳамрози ҳам бошем,ки гуфтанҳо шакар дорад. Машав кӯтахназар ёро, ки умри одами кӯтаҳ, Аҷал сайёди одамгир, ба сӯи мо назар дорад….****