Модарнома Устод Лоиқ Шералӣ аз нахустин
қадамҳои эҷодияш ба мавзӯи модар
таваҷҷӯҳ пайдо кардааст. Яке аз
аввалин шеърҳои шоир «Ба
модарам» ном дорад, ки бори нахуст
ибтидои соли 1965 ба табъ расидааст. Баъдҳо ин мавзӯъ дар
тамоми эҷодиёти шоир мавқеи
аввалиндараҷа пайдо намуд.
Вақте ки «Дасти дуои модар» ном
маҷмӯаи шоирро варақ мезанем, ба
панҷоҳу панҷ шеъри ба модар ва зан бахшида дучор меоем. Ҳамаи
ашъори ба модар бахшидаи Лоиқ,
аз ҷумла, шеърҳои «Модар»,
«Суруди модар», «қарз», «қасидаи
модар», «ҷомаи гадоӣ», «Чордард»,
«Ту монанди замин танҳоӣ, модар», «Дар сари гӯр», «Ҳасрат», «Муноҷот
ба модар» ва рубоиву дубайтиҳои
маҷмӯаи «Дасти дуои модар»
ҷовидонаанд. Дар ин шеър