Матни пурраи "Додо"
Аз мулки ѓариби даст шўед, додо,
Гулхои умеди худ бибўед, додо.
Дишаб зани хамсоя маро гуфт "саѓир"
Маънои саѓира чист? Гўед, додо!
Мо зинда,Шумо зиндачудоед, додо,
Аз аспи ѓурури худ фуроед, додо.
Ду духтару ду писар дуомон ин аст:
Аз хонаи он занак буроед, додо!
Додо, додо чаро китобам нахаред?
Ман ташна шудам ќатраи обам нахаред?
Як бор сари сахти маро сила кунед,
Ман гушна наям нуќлу кабобам нахаред!
Офтоб, агар машъала афрўзад чи?
Махтоб ба ман дида, агар дўзад чи?
Ман мехру мухаббати Шуморо хохам,
Додо, дилатон ба ман намесўзад чи?
Пойпўши ягонаам даридаст, додо,
Хуш аз сари сахти ман паридаст, додо.
Пойхои кафидаам чунон хуншоранд,
Ин холи маро саге