بسم الله الر حمن الرحی Аз Абдуллоҳ ибни Аббос (Р.а.) ривоят аст, ки Паёмбар (Саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам) фармуданд:
"Оё шуморо аз (сифоти) зани Биҳиштӣ огоҳ накунам?
Бисёр муҳаббаткунанда, фарзандони бисёре ба дунёоваранда ва ҳозир шуданаш дар назди шавҳараш ба касрат мебошад.
Дар сурати ба миён омадани нороҳатӣ, дасти шавҳарашро гирифта ва ба у мегуяд:
То хушҳол нагардӣ, ҳаргиз ба андозаи чашм ба ҳам задане ҳам нахоҳам хобид".
(Тирмизӣ, Ибни Моҷа)
Оре, яқинан вақте аз ҷониби зан ин ҳама ҷуръат ва фидокорӣ мушоҳида гардад, ҳатман меъёри бархурди мард тағир хоҳад ёфт ва дар натиҷа зиндагии заношуӣ масири аслии хешро, ки ҳамон улфат ва ҳамдигарфаҳмӣ аст, пайдо хоҳад шуд. م