1. Агарчӣ сухани нек надошта бошӣ, пас, дили нек дошта бош. 2. Қадри обро касе медонад, ки чоҳ кандааст. 3. Ба хари танбал бори бештар мегузоранд. 4. Гувоҳи дурӯғгӯй ҳамеша тайёр. 5. Олим аз илму дониш сухан мегӯяду аҳмақ аз чизҳои хӯрдааш. 6. Агар барои нотавонӣ хашмгин шавӣ, далел он аст, ки қавӣ нестӣ. 7. Оташи хашмро бо оби сукут хомӯш бинамо. 8. Ҳар кӣ худро нашиносад, ӯро нашинос. 9. Дӯсти ҳокимшуда дӯсти гумкарда аст. 10. Агар хоҳӣ дар роҳи ҳаёт шикаст нахӯри лаззати дунёро дар моли дунё набин. 11. Дар савдо дӯстӣ нест. 12. Агар хоҳӣ зиндагият хуб гузарад, сабр намо. 13. Саг дар кӯчааш шер аст. 14. Агарчӣ зиндагият бе ғам намешавад, вале ғами беҳуда махӯр. 15. Ҳаргиз дар ҷустуҷӯи ишқ