Худро адои модари ғамхор мекунам, Сад ҷон фидои дидани дидор мекунам. Ҷонам нисори заҳмати шабзиндадорияш, Сарро ба пои ин гули бехор мекунам. То чашми хеш равшану дил пурзиё кунам, Ман хоки пойи модари худ тӯтиё кунам. Ганҷина аст дасти дуъои кушодааш, Бахти сафед шири ба фарзанд додааш, Нури умед медамад аз субҳи чеҳрааш, Сад олам аст дар нигаҳи софу содааш. То чашми хеш равшану дил пурзиё кунам, Ман хоки пойи модари худ тӯтиё кунам. Бодо Худои пок нигаҳбони модарам, То сар ниҳам ба ноз ба домони модарам, Хуршеди рӯзгори хушаш беғубор бод, Бинам мудом чеҳраи хандони модарам. То чашми хеш равшану дил пурзиё кунам, Ман хоки пойи модари худ тӯтиё кунам..