МОДАР
Сарнавишти номи ман аз номи ту сар мешавад,
Шири ту андар вучудам шахду шакар мешавад.
Мекуни пайванд умре риштаи чони маро,
Бо дилат чони маро пайванди дигар мешавад.
Хок бар сар мешавад дар зиндаги бисёрхо,
То ки тифли орзуяш точ бар сар мешавад.
Хар сахар вакте, ки пешат ба зиёрат меравам,
Як чахони бахти нав бар ман муяссар мешавад.
Ноумедие агар дар рузгорам сар занад,
Ёди некат мекунам, рузам мунаввар мешавад.
Номи покат хар дами сахти бигирам бар забон,
Устувории ту бо кухе баробар мешавад.
Пеши хар як модаре, Мирзо сари хам оварад,
Хушаи сархам замоне пок гавхар мешавад.
МИРЗО ВОСЕЪ.