Пайгамбаромон Мухаммади Мустафо салаллоху ъалайхи ва саллам фармудаанд: "Ад-дину ан назофату". Яъне дин покизагист. Дини Ислом дили мардумро аз хамаи иллатхои шайтони, разолат ва чахолат пок сохта, инсони хакикии поквичдонро ба камол мерасонад. Дар зимни таълимоти Ислом покизагии тан низ чои асосиро ишгол мекунад. Покизаги боиси тандурусти буда, тани дуруст, акли дуруст сабаби саодати хар ду дунё буда, покии калб аз камилии акл хисил мешавад. Агар бадан чиркин ва нопок бошад, дил хира шуда аз маънохои олии рухони бахра намеёбад. Эй мусалли биё тахорат кун, Хонаи дини худ иморат кун. Чун биёри тахорати зохир, Ботинат низ Хак кунад тахир.