Эй, ки мефахрӣ зи худ Одам Сафиюллоҳ канӣ?
Модари покизаи мо - ҳамдамаш Ҳавво канӣ?
Мавҷаи тӯфони Нӯҳ хушку тарки дунё гирифт,
Соҳиби тӯфон куҷо гардиду он дарё канӣ?
Бо ситам то оташи намруд бурдандаш ба зӯр,
Оташ аз баҳраш гулистон шуд, Халилуллоҳ канӣ?
Сар ба фармони падар биспурд андар зери теғ,
Ҳаст Ҳоҷар интизори ӯ - Забеҳуллоҳ канӣ?
Куштанаш мехост андар маҳд Фиръавни лаъин,
Розгӯи Тури Сино Мӯсии гӯё канӣ?
Дурии фарзанд андар байтулэҳзонаш кашид,
Яъқуби чашминтизори Юсуфи барно канӣ?
Устухони хушк омад аз нигоҳаш дар сухан,
Рафт сӯи осмон Исои Руҳуллоҳ канӣ?
Боиси эҷоди олам нури ӯ гардида буд,
З-ӯ нишон ҳаргиз намеёбам, Расулуллоҳ канӣ?
Чорёри бомурувват роҳи дин паймудаанд.
Шери да