Алвидоъ моҳи Рамазон, алвидоъ!
Эй чароғи ақлу имон, алвидоъ!
Аз қудумат ҷону имон дар фараҳ,
Роҳати қавми мусулмон, алвидоъ!
З - оташи дузах раҳоям мекунӣ,
Эй калиди боғи Ризвон, алвидоъ!
Боғи дилҳоро мунаввар кардаӣ,
Ҷумла бо оёти Қуръон, алвидоъ!
Дур кардӣ бо шарофатҳои хеш,
Халқи гумроҳе зи шайтон, алвидоъ!
Додааст аз файзи ту Парвардигор,
Бандаро ризқи фаровон, алвидоъ!
Як маҳе густурда дастархони Ҳақ,
Имтиҳони рӯзадорон, алвидоъ!
Аз таробеҳу тасобеҳат расид,
Бандагонро хатми Қуръон, алвидоъ!
Муъминему рӯзадору дар намоз,
Эй фурӯғи дидаву ҷон, алвидоъ!
Рӯзи маҳшар дафтари аъмоли мо,
Махфират ёбад ба мизон, алвидоъ!
Дар таробеҳат суҷудат кардаем.
Эй савоби файзи Субҳон, алвидоъ!
Аз ҳад