Писаре барои хостгории духтаре рафт. Духтар гуфт: Ба шарте, ки модарат ба арусӣ наояд. Он ҷавон дар кори худ дармонд, назди устоди худ рафт ва ба устодаш чунин гуфт: Дар синни яксолагӣ падарам аз дунё гузашт ва модарам барои ин ки харҷи зиндагиямонро таъмин кунад, дар хонаҳои мардум рахт ва либос мешуст. Ҳоло духтаре, ки хело дусташ дорам шарт карда, ки фақат бидуни ҳузури модарам ҳозир ба издивоҷ бо ман аст. На фақат ин, балки ин гузаштаи модарам маро хиҷолатзада карда аст, ба назарат чи кор кунам? Устод ба у гуфт: Аз ту хостае дорам, ба манзилат бирав ва дастони модарато бишуй, фардо ба назди ман биё бароят мегуям чи кор кун. Ҷавон ба назди модараш рафт ба ҳавсала дастҳои модарашро дар ҳол