Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ дар бораи
Шери Худо - Ҳазрати Алӣ (р.а)❤
То сурату пайванди ҷаҳон буд, Алӣ буд,
То нақши замин буду замон буд, Алӣ буд.
Шоҳе, ки валӣ буду васӣ буд, Алӣ буд,
Султони сахову караму ҷуд Алӣ буд.
Ҳам Одаму ҳам Шайсу хам Аюбу хам Идрис,
Хам Юсуфу хам Юнусу хам Ҳуд, Алӣ буд.
Хам Мусиву хам Исиву хам Хизру хам Илёс,
Хам Солеҳ пайғамбару Довуд, Алӣ буд.
Масҷиди малоик чу шуд одам, зи Алӣ шуд
Одам чу яке қиблаву масҷид, Али буд.
Он кошифи Қуръон, ки Худо дар ҳама Куръон
Кардаш сифати исмату бистуд, Алӣ буд.
Он орифи саҷҷод, ки хоки дараш аз қадр,
Аз кунгураи арш барафзуд, Алӣ буд.
Ҳам аввалу, ҳам охиру, ҳам зохиру ботин
Хам обиду хам маъбаду маъбуд Алӣ буд.