Одамиро номи неку ҳосил аз номи ҳаё, Хилъати фазлу саодат, кисвати номи ҳаёст. Аз ҳаё хосил шавад баҳри ту одоби наку, Лаззати шири адаб, нушиданаст ҷоми ҳаё. Беҳаёро дар муҳиту ҷомъе ҳурмат куҷост, Матлае хуршеди ҳурмат, гушаи боми ҳаё. Ҳусну сират ҳосил ояд, одамиро аз ҳаё, Ҷумла авсофи неку аз хона инъони ҳаё.