-+-+-+-+-+-+-+-+-+-+-+-+-+-+-+
Ҷавонони Сағирдашт,
Ҳар яке ,ки бузург гашт.
Ҳар касе аз завқу ҳол,
Карданд мақоми худ ишғол.
Яке омӯзгор яке табиб,
Яке ронанда ё муҳосиб.
Милитсияву афсарон,
Дар ҳимояи Ватанмон.
Яке барзгар ё деҳқон,
Дигаре бошад чӯпон.
Ҳар касе ба ҳар коре банд,
Дар пайи хизмати халқанд.
Яке чун Рустами Дастон,
Ҷилва кунад дар майдон.
Муаррифӣ мекунад ,
Деҳаро дар Тоҷикистон.
Гулчине аз ин номварон,
Ҳоло ҳастанд ангушт нишон.
Бо касбу кори гуногун,
Кунанд хизмати дӯстон.
Сармашқи кор кардаанд,
Панди Пешвои миллат,
Бастаанд камари ҳиммат.
Баҳри адои хизмат.
Шиорашон бошад мудом,
"Ҷавонон ояндаи миллат"
Черна шинад рӯйи зин,
Бузро гирад аз замин.
Аспро мекунад қамчин,