НАВРӮЗИ АҶАМ Бо чеҳраи зебояш, Наврӯзи Аҷам омад, Бо ҳусни дилорояш, Наврӯзи Аҷам омад. Бишкуфта суман дар кӯҳ, холист дил аз андӯҳ, Бо хандаи гулҳояш Наврӯзи Аҷам омад. Яхбаставу хомӯш буд сарчашмаю дарёҳо, Ях об шуд аз ҷояш, Наврӯзи Аҷам омад. Деҳқон намехандид то омадани Наврӯз, Аз баҳри тасаллояш, Наврӯзи Аҷам омад. Борони баҳорӣ рехт, дарё ба наво омехт, Бо шӯриши дарёяш, Наврӯзи Аҷам омад. Согар бикаш, эй соқӣ, дунё набувад боқӣ. Бо соғару минояш, Наврӯзи Аҷам омад Бин, духтари тоҷикро, пӯшида ба тан атлас, Бо атласу кимхояш, Наврӯзи Аҷам омад. Аз баҳри чӣ биншинӣ, эй ёр, ту дар хона, Бинмо ту тамошояш, Наврӯзи Аҷам омад. Баҳр