УСТОД ЛОИҚ: РУБОИЁТ
Бигзор, ҳама бодапарастам хонанд,
Айёши ҷаҳонфурӯшу мастам хонанд.
Гар бода хурам, зи ман касе боло нест,
Ин кӯрдилон гузор, пастам хонанд.
Онҳо, ки ба нақди шеъри мо пардозанд,
Монанди тапончаҳои беовозанд.
Нашнохта олами дили шоирро,
Аз дур ба шеърҳош тир андозанд.
Чун ганҷ ба зери хок хомӯшам ман,
Аз хотири дӯстон фаромӯшам ман.
Онҳо ҳама дар фаҳм сабукборонанд,
Лекин чу замини борбардӯшам ман.
Ҳамроҳ биҷӯӣ, раҳгузар меёбӣ,
Ҳамдард биҷӯӣ, дарди сар меёбӣ.
Хуш гуфт шабе пири ҷаҳонсанҷида –
Ҳар қадр ки беҳ ҷӯӣ, батар меёбӣ.
Ёрон, ба сари гӯри ман овоз кунед,
Ҷисмам ба замини пок анбоз кунед.
Аз ҷумла хатои ман сабақ омӯзед,
Аз бандагиям зиндагӣ оғоз кунед.
Андӯҳ чу