ҲИКОЯ
Одам ва дунё
Баъди як ҳафтаи вазнини кор падарам субҳи якшанбе аз хоб бедор шуда, наҳорӣ кард ва қарор дод, ки барои бартараф кардани хастагӣ ин рӯзро дар хона гузаронад. Сипас як даста рӯзномаро пешаш гузошт. Ин дам набераи чорсолааш аз дар даромад:
–Бобоҷон, рӯз шуд, акнун биёед маро ба парк баред! -бо лаҳни кӯдакиаш “амр” кард набера.
Ба хотири бобо ваъдаи ба Маҳина додааш расид, ки рӯзи якшанбе ба тамошои боғ мераванд. Аммо ҳоло хоҳиши аз хона берун рафтан надошт. Аз ин р, фикр мекард, ки чӣ кор кунад, ки тамошои боғро ба вақти дигар гузорад. Якравии набераашро низ медонист. Дар ҳамин фикр буд, ки чашмаш ба харитаи дунё часпид, ки як саҳифаи рӯзномаро медод. Бобо онро ба чанд пора