Рузе аз рузҳо марде ҳамроҳи ҳамcар ва фарзандонаш бо мошини шахсии худ ба сафар баромад, сафари дуру дарозе. Дар роҳ бо марде вохурданд, ки дар роҳ истода буд. Мард аз у пурсид, ту ки ҳастӣ? Гуфт: ман пулу мол ҳастам.
Мард аз ҳамсару фарзандонаш пурсид, фикри шумо чист, уро ҳамроҳ савор кунем? Ҳама бо як овоз гуфтанд: Бале, бо пулу мол ҳама корро карда метавонем, ва ҳама чизро ба даст меорем. Пулу мол ҳамроҳашон савор шуд.
Мошин ҳаракат кард, ва мусофири мо сафарашро давом дод. Баъд аз масофаи кутоҳ марди дигареро диданд, ки дар роҳ истодааст, ва ба онҳо дастафшони мекунад. Мошин дар назди у қарор гирифт, мард пурсид, ту ки ҳастӣ?
Он мард гуфт: ман ҳукумату мансаб ҳастам.
Мард руй ба ҳам