Ишқ то шиква зи торикии ин дунё кард,
Дасти Ҳақ панҷараи раҳмати худро во кард.
Ногаҳон қофиласолори саромад, омад,
Ишқ якбора чунин гӯфт: Муҳаммад(с) омад.
Омад он марди амине, ки Худо ёраш буд,
Ва садоқат ҳамаҷо ташнаи дидораш буд.
Омаду ғунчаи уммед шукуфотар шуд,
Зеҳни оина пур аз болу пари бовар шуд.
Мавлуди паёмовари раҳмату меҳрубонӣ, садоқату устуворӣ,
шуҷоату
сабурӣ,
адолату баробарӣ ва паёмовари арзишҳои волои инсонӣ
ҳазрати Муҳаммад(с) бар шумо муборак бод!