Паноҳи ҳар мусулмон аст,
Қуръон,
Насими куйи ҷонон аст, Қуръон.
Шамими атри Раҳмон аст, Қуръон,
Бувад равшангари роҳи саодат.
Чу хуршеди фурузон аст, Қуръон,
Ба гулзораш хазон роҳе надорад.
Баҳорон дар баҳорон аст, Қуръон,
Раҳонад одамиро аз ҷаҳолат.
Фуруғи илму имон аст, Қуръон,
Тароватбахши рухи муъминин аст.
Ба ҷисми муъминин ҷон аст, Қуръон.
Табиби дардҳои бедаво Уст,
Ба ҷони хаста дармон аст, Қуръон,
Тасаллибахши дилҳои ғамин аст,
Чароғи шоми ҳирмон аст, Қуръон,
Халал кай раҳ барад дар соҳати У,
Бинное сахтбунён аст, Қуръон.
Дар он рузе, ки сомон нест касро,
Паноҳи ҳар мусулмон аст, Қуръон.