Ҳамватанони азиз ва дустони гиромӣ! Тибқи солшумории мелодӣ соли 2018 сипарӣ шуда, соли 2019 фаро мерасад. Кулли мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҳамаи дустони меҳрубонамро ба ин муносибат самимона табрик мегӯям. Дар соле, ки фаро расида истодааст, ба хонадони ҳар яки Шумо фазои орому осуда, рӯзгори обод ва хушҳоливу хушрӯзӣ орзу менамоям. Умедворам, ки соли нав барои халқи сарбаланди тоҷик соли бобарор ва марҳалаи навбатии вусъати амалҳои созандаву ободкориҳо гардида, мақсаду маром ва орзуву ниятҳои некамон амалӣ мешаванд. Бо дарназардошти нақш ва ҷойгоҳи хоссаи ҷавонони кишвар, ки сарнавишти ояндаи миллату давлатамон ба уҳдаи онҳо вогузор карда мешавад, соли 2017 Соли ҷавонон эълон карда шуд,