Боре ҷавоне
назди
ҳазрати Муҳаммад (с),
омада гуфт: «Ё Расули
Худо (с), иҷозат диҳед,
ки ба ғазо» (ҷиҳод)
равам».
Он Ҳазрат (с) гуфтанд: -
Модар дорӣ?
Ҷавон гуфт: -Бале,
модарам ҳастанд.
Паёмбар (с) фармуданд:
-Бирав, ӯро нигаҳдорӣ
кун, ки биҳишт зери қадами вай аст.
Яъне,касеро модараш розӣ бошад, биҳишт ба ӯ наздиктар аст.
Обрӯи аҳли дин аз хоки пои модар аст,
Ҳарчи доранд ин ҷамоат аз дуои модар аст.
Он чӣ дар васфи биҳишт фармуд Қуръони Карим,
Соҳиби Қуръон бигуфто, зери пои модар аст