Зане назди Умар (р) омада, аз шавҳари худ шикоят намуда, аз халифаи мусалмонон талаб намуд, ки ӯро талоқ диҳад. Умар (р) мардеро назди шавҳари ӯ равон карда, назди худ хонд. Шавҳари зан омад ва Умар (р) ӯро дид, ки либосҳои даридаву фарсуда ва мӯйи жулида дораду ба покии бадану сару либоси худ бепарво аст. Пас Умар (р) асҳоби худро амр намуд, то он мардро бурда сару либосашро дигар кунанд ва ба ӯ бигӯянд, то гармоба равад ва мӯйи сарашро ба тартиб дарорад ва ба худ аҳаммият диҳад. Ҳангоме ки мард ин фармудаҳоро иҷро кард, Умар (р) ӯро назди ҳамсараш даровард. Ҳине ки назди ҳамсараш ворид шуд, дар лаҳзаи аввал ҳамсараш ӯро нашинохт ва аз ӯ ҳаё намуд. Мард гуфт: ман шавҳари ту ҳастам, оё маро