Овози азон омад, моҳи Рамазон омад, Шайтон ба фиғон омад, моҳи Рамазон омад. Масчид мунаввар шуд, аз ишқ муаттар шуд. Хуршеди замон омад, моҳи Рамазон омад. Ёрон ба бари ёрон, яктан шудаву якчон. Ваҳдат ба миён омад, моҳи Рамазон омад. Аз булбули хушилҳом, чаҳ-чаҳ бишунав Қуръон. Шури дилу чон омад, Моҳи Рамазон омад. Аз ҳарфи Ҳақу Аҳмад, нур аст ба дил беҳад. Имон ба амон омад, моҳи Рамазон омад.....