Ту медони, ки аз дарду ғами ишқ, Ба мисли тифли аз модар чудоям. Худоё он азизамро нигах дор, Ки бе у мисли мурғи бенавоям. Ба дарёи мухаббатхои сузон, Гахе ман оташам, гох бесадоям. Даруни хонаи ғурбатсароям, Барои ишқ мисли як гадоям. Ту медони, ки дунё бе ту тор аст, Тамоми зиндагиям зери дор аст. Умеду ормонхоям азизам, Мисоли шоми бенур бесафо аст. Ту аз ин пас бидон, ки бе ту хорам, Даруни бистарам зору низорам. Бихохам то маро хамдам бимони, Туро то рузи махшар интизорам.