Cоати 3-и шаб занги телефон мешавад. Писар гўшаки телефонро мебардорад. Дар гўшаки телефон садои модар мебарояд: Фарзандам саломатият хуб аст? Фарзанд:- хубам, ягон коре шудааст? Модар: - Ҳеҷ гап нест, танҳо хостам, овозатро шунавам. Фарзанд гуфт:- Модар барои овози маро шунидан дар нисфи шаб занг мезанӣ? Модар пурсид:- нороҳат кардам магар? Фарзанд: - Бале, нороҳат кардӣ. Модар гуфт, - писарам 22 сол қабл, ту ҳам маро нороҳат карда будӣ, зодрўзат муборак. Писар ба худ омаду гуфт: Мебахшед модарҷон! Модар бо садои ҳамеша меҳрубонаш гуфт:- ҳеҷ гап не писарам, шаб ба хайр, ором бихоб. Аммо хоб аз чашмони писар парид ва шаб дар назараш ба сол табдил шуда буд. Саҳар шуд писар ба сўйи хонаи модар