Он руз хоҳад омад.
Оре, он руз хоҳад омад, ки пардаҳои ғайбро аз пеши дидагонат канор мезанад. Малакул мавти боҳайбат барои қабзи руҳи ту фуруд меояд. Оре, ба он лаҳза биандеш, ки чун пилкҳои чашмонат барои абад баста шаванд. Ҷасади беҷону беҳаракати туро барои шустан бибаранд. Он руз ту ҳеч қувва ва қудрате бар ҷасадат нахоҳӣ дошт. Дигарон туро мешуянд. Он руз хоҳад омад, ки туро кафан бипушонанд. Либосҳои зеборо аз баданат берун кунанд ва туро дар чуқурии тангу торики дохили қабр (лаҳад) бигузоранд. Ростӣ, он руз барқ ва рушноиро фаромуш кун, ки ҳатто равзанаҳо ва сурохиҳои хурдро бо хишту гил мебанданд. Дуст, бародар ва ҳатто ҳамсари азизат, ки дар